Бо иштироки Сорбон Талбаков, писари вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Исмоил Талбаков садамаи нақлиёт рух дод, ки бо марги роҳгузар анҷомид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, рӯзи 13-уми октябр ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Сорбон Талбакови 25-сола ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Исмоили Сомонӣ ба самти кӯчаи Федини пойтахт, дар рӯ ба рӯи истгоҳи нақлиётии мусофиркашонии байнишаҳрӣ пиёдагард Ҷамол Ғуломови 46-сола, сокини шаҳри Душанберо пахш намудааст.

«Дар натиҷа Ҷамол Ғуломов ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар бемористон ба ҳалокат расид», - омадааст дар хабари ВКД Тоҷикистон.

Дар ҳамин ҳол, тавре ба «Азия-Плюс» шоҳидони ҳодиса хабар доданд, Талбаков худаш ҷабрдидаро ба Маркази миллии тиббӣ бурдааст. Хешону наздикони Талбаков оилаи марҳумро аёдат намуда, ба онҳо ҳамдардӣ изҳор намудаанд.

Ахиран ин ҳодисаи дуюми садамаи нақлиёт бо иштироки наздикон ё бевосита мансабдорони воломақоми давлатист. Санаи 29-уми сентябр ронандаи автомашинаи «Мерседес», ёвари прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Фирӯз Холиқзода бо суръати баланд зани кӯчарӯб Зевармо Пироваи 54-соларо пахш намуд, ки аз ин зарба ҷисми зан ба қисматҳо пора шуда буд. Марҳум соҳиби чор фарзанд буд.