Бар асари як садамаи нақлиёт дар вилояти Суғд, ки дар натиҷаи беэҳтиётии ронанда рух дод, як духтарчаи 1-сола ба ҳалокат расид.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, чанде қабл дар қаламрави нуқтаи фурӯши маводи сӯхт дар Адрасмон ронандаи автомашинаи тамғаи Hyundai Porter Тошпӯлод Матмуродов дар пахлӯи автомашина қарор доштани духтарчаи 1-соларо надида, ӯро бо автомашинааш пахш мекунад, ки дар натиҷа духтарча аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Бино ба иттилои Шуъбаи БДА-и Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд, давоми 9 моҳи соли ҷорӣ дар роҳҳои мошингарди вилоят 257 ҳодисаи садамаи нақлиёт (ҳамин давраи соли 2013 – 240 ҳодиса) рух дода, бар асари он 87 нафар ҳалок (соли 2013 – 111 нафар) ва 274 нафар (соли 2013 – 245 нафар) ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ гирифтаанд.
Дар ин давра бо иштироки кӯдакон 62 ҳодисаи садамаи нақлиёт (соли 2013 – 65 ҳодиса) ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа 19 нафар ҳалок (соли 2013 – 19 нафар) ва 51 нафар кӯдакон (соли 2013 – 50 нафар) ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд.
Баъди мулоқоти Тошиев бо сафири Русия, муттаҳамони парвандаи "ҷалби зархаридон” аз боздоштгоҳ раҳо шудаанд
Барои истифодаи нодурусти барқу гармӣ ҳам ҷарима пешбинӣ шуд
“Шоҳ”-е, ки аз гуноҳи ҳама гузашт, даргузашт. Асланшоҳ Раҳматуллоев дар Лучоб ба хок супорида шуд
Дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар Ёвон 5 кас ҷон бохтанд
Қарздорӣ аз музди меҳнат дар Тоҷикистон дар як сол 20% зиёд шудааст
Ҳафт медали ҷудокорони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Тайланд
Музокироти сеюми Эрон ва Амрико. Ҷонибҳо онро “хеле ҷиддитар аз гузашта” тавсиф карданд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 6
Эмомалӣ Раҳмон ба Масъуд Пизишкиён дар робита ба таркиш дар бандари Шаҳид Раҷоӣ барқияи тасаллӣ ирсол кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста