Субҳи имрӯз қисмати пиёдагузари кӯпруки мошингарди болои дарёи Элок, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ фурӯ рафт.

Тавре шоҳидон иброз доштанд, ин ҳодиса баъд аз гузашти як мошини боркаш аз болои пул рух додааст.  Талафоти ҷонӣ дар ин ҳолати фавқулода ба қайд гирифта нашудааст.

Намояндагони Вазорати нақлиёт, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ва дигар масъулон дар мавзеи ҳодиса ҳозир шуда, ҳолати рухдодаро мавриди омӯзиш қарор додаанд.

Бояд гуфт, ки бо вуҷуди тахриб шудани як қисмати кӯпрук, ҳаракати нақлиёт аз болои он маҳдуд нашудааст.

Як қисмати пул баста буда, ҳаракати мошинҳо бо тарафи дигари он ҷараён дорад.

Ёдрас мешавем, кӯпруки мазкур ҳаракати автомобилҳоро аз шаҳри Душанбе ба ноҳияҳои ҷанубии кишвар таъмин мекунад. 

Ҳамарӯза садҳо мошини боркашу сабукрав аз кӯпруки болои дарёи Элок мегузарад ва маҳз аз вазни муқарраршуда барзиёд интиқол додани бор тавассути ин пул аз сабабҳои аслии фурӯравии он арзёбӣ мегардад.

Тафтишот айни ҳол дар ин самт идома дорад ва сабабҳои ҳодиса муайян карда мешавад.

Дар ҳамин ҳол Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ бо нашри як огоҳӣ дар сомонаи худ дар робита ба боришоти борони шадид дар рӯзҳои оянда аз сокинони кишвар даъват кардааст, ки аз сафар ба минтақаҳои дурдаст худдорӣ кунанд.

Тибқи иттилои Муассисаи давлатии обуҳавошиносии мамлакат, дар пайи боришоти шадиди борон дар минтақаҳои кӯҳӣ фуромадани ярч ва сар задани ҳолатҳои дигари фавқулода аз эҳтимол дур нест.