Шумори ҳалокшудагон аз таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (НФС)-и воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба 4 нафар расид.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Сарраёсати хадамоти оташнишонии ВКД Тоҷикистон хабар дод, чанде қабл дар Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) аз ҷароҳатҳои бардошта ҳангоми таркиш сокини 23-солаи ноҳияи Рӯдакӣ Комрон Шехов ба ҳалокат расидааст.

Зимни таркише, ки нимаи рӯзи 8-уми ноябр рух дод, сокини 48-солаи пойтахт Заҳматшоҳ Саидов, ки барои харидории сӯзишворӣ ба автомашинааш, тамғаи «Лексус» ба ин нуқта омада буд, роҳгузари тасодуфӣ – сокини 21-солаи ноҳияи Рӯдакӣ Гулнамо Давлатҷон ва корманди нуқтаи фурӯши сӯзишвории мазкур Ҳасан Хидиров дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.

Боз 4 тан аз сокинони ноҳияи Рӯдакӣ, ки ҳангоми таркиш ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд, айни замон дар бемористонҳо бистарианд.

Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти маркази матбуоти ВКД ҶТ, бинобар сабаби риоя накардани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории воқеъ дар шаҳракаи Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ, аз гази моеъ шарора ба амал омада, таркиш рух дода буд.