Дар шаҳри Маскав аз ҷониби афроди номаълум ба ҷони раҳбари «Созмони ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» Мақсуд Иброҳимов сӯиқасд сурат гирифт.
Бино ба иттилои Сарраёсати ВКД Русия дар шаҳри Маскав , ҳодиса шаби рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта дар кӯчаи Севанская рух дода, ин афрод ба сӯйи Мақсуд Иброҳимов тир парронида, бо зарби корд ӯро захмӣ мекунанд ва сипас аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд.
Айни замон Мақсуд Иброҳимов дар бемористон бистарӣ буда, вазъи солимиаш вазнин арзёбӣ мешавад. Феълан тамоми ҳолатҳои ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор гирифта, кормандони пулис афроди ҳамлагарро ҷустуҷӯ доранд.
Мақсуд Иброҳимов раҳбари ташкилоти ҷамъиятии русиягии «Созмони ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» ва узви Шӯрои раҳбарии Эътилофи нерӯҳои мухолифи «Тоҷикистони нав» мебошад. Дар робита ба ташкили як қатор гирдиҳамойиҳову раҳпаймоиҳо дар Русия бо иштироки муҳоҷирони тоҷик бо даъвати истеъфои раҳбарияти кунунии Тоҷикистон, ӯ дар «рӯйхати сиёҳ»-и ҳукуматдорони Тоҷикистон қарор дорад.
Дар изҳороти Эътилофи нерӯҳои мухолифи «Тоҷикистони нав» дар ин робита зикр мегардад, ки «чандин маротиба нисбати ӯ таҳдидҳову тарсонидан сурат гирифта, ҳатто ба оилаи ӯ дар Тоҷикистон аз ҷониби хадамоти махсуси Тоҷикистон фишор оварда шуд ва ҳукуматдорони Тоҷикистон ӯро ба ҷустуҷӯи байнулмилалӣ эълон карданд».
«Мо аз раҳбарияти олии Русия талаб мекунем, ки ба ҳодисаҳои рабудан ва куштори намояндагони нерӯҳои мухолифини тоҷик хотима дода шуда, дастандаркорон ва иҷрокунандагони ин амалҳои террористӣ дарёфт ва муҷозот шаванд», - гуфта мешавад дар изҳорот.
Ҳаҷвнигоре, ки ханда дар лаб даргузашт. Ёдномаи Қиёмиддин Чақалов, ки имрӯз 80-сола шуд
Путин оташбаси серӯза эълон кард. Ин дафъа ба муносибати Рӯзи Ғалаба
Баъди мулоқоти Тошиев бо сафири Русия, муттаҳамони парвандаи "ҷалби зархаридон” аз боздоштгоҳ раҳо шудаанд
Барои истифодаи нодурусти барқу гармӣ ҳам ҷарима пешбинӣ шуд
“Шоҳ”-е, ки аз гуноҳи ҳама гузашт, даргузашт. Асланшоҳ Раҳматуллоев дар Лучоб ба хок супорида шуд
Дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар Ёвон 5 кас ҷон бохтанд
Қарздорӣ аз музди меҳнат дар Тоҷикистон дар як сол 20% зиёд шудааст
Ҳафт медали ҷудокорони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Тайланд
Музокироти сеюми Эрон ва Амрико. Ҷонибҳо онро “хеле ҷиддитар аз гузашта” тавсиф карданд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 6
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста