Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ оид ба муҳоҷират дар Русия иттилоъ медиҳад, ки бар асари сӯхтор дар маркази савдои «Адмирал»-и шаҳри Қазони Русия, ки рӯзи 11 март рух дод, боз ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳалокат расида, шумори умумии тоҷикистониёни ҳалокшуда дар ин ҳодиса ба 6 нафар расид.
Сухангӯи намояндагии мазкур Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки нимаи дуюми рӯзи 12 март маълум шудааст, ки миёни ҳалокшудагон аз сӯхтор боз ду шаҳрванди Тоҷикистон - Ҳомидов Шокир Ҳокимович ва як фурӯшанда бо номи Асадулло низ ҳузур доранд.
Қаблан иттилоъ дода будем, ки бар асари сӯхтор дар ин маркази савдо зодагони ноҳияи Рӯдакӣ - Тӯраев Қосимҷон Аъзамхоҷаевич (санаи таваллуд 15.06.1971 сол) ва Ҳикматуллои Хайтуллохон (с/т 26.02.1992 сол) ва ҳамчунин зодагони ноҳияи Ёвон - Риёев Эмомалӣ Раҳматуллоевич (с/т 04.11.1984 сол) ва Давронов Алишер Азизович (с/т 08.11.1996 сол) ба ҳалокат расидаанд.
Сӯхтор дар маркази савдои «Адмирал» -и шаҳри Қазон рӯзона дар яке аз қаҳвахонаҳои ошёнаи якуми рух дода, аз марказ дар маҷмӯъ 650 нафар наҷот дода шуданд. Сӯхтор дар майдони 4 ҳазор метри мукааб хомӯш карда шуда, сохторҳои бино қисман хароб ва кӯчиданд. Шумори дақиқи ҳалокшудгаону осебдидагон то ҳол саҳеҳан маълум нест.
Бино ба иттилои радиои «Озодӣ» , сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов ба наздикони қурбоншудагон дар ин сӯхтор изҳори ҳамдардӣ карда, хостори ироаи тамоми ёроиҳои лозим ба наздикони қурбониён ва осебдидагон шудааст.




Ҳушдори мақомот ба роҳбарони бозорҳои пойтахт барои қимат фурӯхтани маҳсулот дар иди Рамазон
Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё 13 варзишгар намояндагӣ мекунанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 47
Расонаҳо: Куштори як шаҳрванди Тоҷикистон дар Қундузи Афғонистон
Бонки осиёии рушд то охири соли 2026 ба Тоҷикистон танҳо грант медиҳад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 марти соли 2026
Дар Душанбе куҷо метавон ҳуҷҷатро ба таври расмӣ тасдиқ кард? Маълумот дар бораи идораҳои нотариалии пойтахт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 марти соли 2026
Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста