Дар заминаи нақшаи чорабинихои асосии Кумита оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2016 дар шаҳри Норак машқи мукаммали мудофиаи граждании воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати ҶТ ҷараён дорад, ки то 20-уми май идома меёбад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, машқи мазкур дар доираи мавзӯи «Амали ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои мудофиаи граждании шаҳр ҳангоми боридани боронҳои пай дар пай, омадани сел ва хавфи зери об мондани ҳудуди ҷамоатҳои деҳот» доир мегардад.

Гуфта мешавад, машқи мазкур бо эълон намудани бонги ҷамъшавӣ барои ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои мудофиаи граждании шаҳр оғоз гардида, дар он масъулини хадамотҳои мудофиаи граждании ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон ҷалб гардидаанд.