Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҷумҳурӣ  донишҷӯи 20-солаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва савдои Тоҷикистонро аз ғарқшавӣ дар Сирдарё наҷот доданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумита, ба туфайли ҷасорату фидокории корманди фаъоли Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Хуҷанд Денис Волнишков донишҷӯи соли дуюми донишгоҳ аз ғарқшавӣ дар Сирдарё ҳангоми оббозӣ наҷот дода шуд.

Зикр гардид, ки донишҷӯ ба қоидаҳои бехатарӣ риоя накарда, аз соҳил хеле дур шино кардааст, вале ҳангоми бозгашт ба соҳил қувваш камӣ мекунад. Баъди наҷот додан ӯ ба кумаки тиббӣ ниёз надоштааст.

Гуфта мешавад, наҷотдиҳандагони Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Хуҷанд соли сипаригашта 37 нафар ва аз оғози соли равон 3 нафар шаҳрвандонро аз ғарқшавӣ наҷот додаанд.