Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон изҳор медорад, ки 11 нафар толибилмони мактаби таҳсилоти умумии №104-и деҳаи Сӯфиёни шаҳри Ваҳдат аз бӯи гулҳо заҳролуд шудаанд. Аммо ба савол дар бораи маҳз аз бӯи кадом гулу растаниҳо заҳролуд шудани хонандагон посухи саҳеҳ дода нашуд.

Радиои Озодӣ имрӯз иттилоъ дод , ки ёздаҳ хонандаи мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 104 рӯзи ҷумъа аз ҳуш рафта, волидонашон иддао доранд, ки то ҳол ба худ наомадаанд ва ташхиси онҳо дар бемористонҳои Душанбе идома дорад.

Волидони талабаҳои мактаб баъди он ки беморхонаи ноҳия сабаби ин ҳолатро ташхис накардааст, фарзандони худро ба беморхонаи "Медгородок"-и пойтахт оварданд ва аз ин ҷо ба бемористони шаҳрии рақами 4 интиқол дода шуданд.

Дар Вазорати маорфи ва илми ҷумҳурӣ зикр карданд, ки ҳамаи толибилмони заҳролудшудаи деҳаи Сӯфиён айни замон худро хуб ҳис карда, дар дарсҳо ҳузур доранд. Сардори Раёсати маълумоти миёнаи мактабии Вазорат Абдуҷаббор Алиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки ҳеҷ кадоме аз онҳо дар беморисон бистарӣ нашудаанд.

Дар шарҳи ин ҳодиса муовини вазири тандурустии Тоҷикистон - сардухтури санитарии кишвар Наврӯз Ҷаъфаров ҳолати дар мактаби Ваҳдат заҳролуд шудани хонандагонро тасдиқ намуда, зикр кард, ки айни замон ин ҳодисаро прокуратураи шаҳр таҳқиқ мекунад. «Ба эҳтимоли зиёд толибилмон аз кадом як растание захролуд шудаанд», - иброз дошт ӯ.

Сардухтури санитарии кишвар ҳамчунин иттилоъ дод, ки рӯзи 27 май 52 нафар хонандагони мактаби №3-и деҳаи Хоҷағалтони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (собиқ Шӯрообод) аз таъсири доруи зидди пашша заҳролуд шудаанд , ки бо он синфхонаҳоро коркард намудаанд.

«Аз ин 52 нафари ба табибон муроҷиаткарда 7 нафарашон дар бемористон бистарӣ шуда буданд, зеро вазъашон вазнин буд, вале аллакай рӯзи шанбе, 28 май вазъи солимии онҳо муътадил шуда, аз бемористон ҷавоб дода шуданд», - гуфт Наврӯз Ҷаъфаров.