Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон изҳор медорад, ки 11 нафар толибилмони мактаби миёнаи №104-и деҳаи Сӯфиёни шаҳри Ваҳдат аз бӯи гулҳои саҳроӣ заҳролуд шудаанд.

Муовини вазири тандурустии ҷумҳурӣ, сардухтури санитарии кишвар Наврӯз Ҷаъфаров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки маълумот дар ин хусусро ба ӯ аз прокуратураи шаҳри Ваҳдат пешниҳод намудаанд. «Айни замон прокуратура муайян мекунад, ки маҳз кадом гулу растаниҳо боиси ба ин ҳолат гиифтор шудани хонандагон гардидаанд», - иброз дошт ӯ.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар ин робита изҳор дошта буд , ки 11 нафар толибилмони мактаби таҳсилоти умумии №104-и деҳаи Сӯфиёни шаҳри Ваҳдат аз бӯи гулҳо заҳролуд шудаанд.

Муқим Ҷумъаев, омӯзгори мактаби рақами 104-и деҳаи Сӯфиён ба Радиои Озодӣ гуфтааст, тамоми ҳодиса аз бӯидани гули садбарг оғоз ёфтааст. Ӯ бо ишора ба гулҳои садбарги даромадгоҳи мактаб гуфт, талабаҳо субҳи барвақт ин гулро бурида, бо худ ба синфхона даровардаанд ва баъди чанде аз ҳуш рафтаанд.