Кормандони милитсия аз рӯи далели куштори бераҳмонаи келини 32-солааш сокини 64-солаи ноҳияи Деваштичи (собиқ Ғончӣ) вилояти Суғдро ба ҳабс гирифтанд.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса менависад, номбурда зимни муноқиша бо келинаш бо корди дасташ якчанд маротиба ба аъзои баданаш ва якчанд маротибаи дигар бо зарфи обгирӣ (офтоба) ба қисми сари зан мезанад, ки дар натиҷа келинаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.