Ронандаи автомашинаи тамғаи «Форд», сокини 21-солаи шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат аз пойтахт ба самти ҷамоати Россияи ноҳияи Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардони ноболиғ, писарбача ва духтарбачаи 5-солаи сокинони ҳамин деҳотро пахш намудааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар натиҷа хурдсолон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Гуфта мешавад, ҳамчунин ронандаи автомашинаи тамғаи  “Опел-Астра”, марди 32-солаи сокини ноҳияи Бохтар, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Қӯрғонтеппа ба самти ҷамоати деҳоти Меҳнатободи деҳаи Варашилов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, велосипедрон, марди 25-солаи сокини ҳамин деҳотро пахш намудааст, ки дар натиҷа велосипедрон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.