Кормандони милитсия аз рӯи далели содир шудани ҷинояти куштор сокини 18-солаи ноҳияи Ҷайҳун (собиқ Қумсангир)=и вилояти Хатлонро боздошт намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, умонбаршуда, рӯзи 10 июн дар мағозаи фитта-фурӯшиаш аз рӯи хусумати пешакӣ бо ҷавони ҳамсол ва ҳамдеҳааш ҷангу ҷанҷол карда, сипас бо корди дар дасташ буда, як маротиба ба қисми пеши тарафи чапи қафаси синаи охирин задааст, ки дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.