Дар маросими ифтитоҳи мавсими оббозӣ дар кӯли Ҷавонони ноҳияи Бохтар рӯзи 12 июн як ҳодисаи фоҷеабор ба вуқӯъ пайваст.

Аз ситоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Хатлон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки пас аз анҷоми маросим ҷавони 17-сола аз як соҳил ба соҳили дигари кӯл шино карданӣ шуда, дар мобайни кӯл ғарқ ва ба ҳалокат мерасад. Тибқи баъзе маълумот ин ҷавон хонандаи яке аз мактабҳои ноҳияи Бохтар будааст.

Ба иттилои манбаъ, зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи кӯл раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадзода қайд кардааст, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ ва солҳои баъдӣ низ кӯл ба як  харобазор табдил ёфта буд. «Дар ҳамдастӣ бо соҳибкорони маҳаллӣ ва ҳукумати вилоят мавзеи кӯл поккорӣ шуда, тамоми зербинои он таъмиру азнасозӣ шуд ва акнун кӯл барои оббозии сокинони маҳаллӣ дастрас аст», - гуфтааст раиси вилоят.