Бар асари фурӯ рафтани як теппа дар кони тиллои Шугнов дар ноҳияи Ховалинг ду корманди корхонаи истеҳсоли тиллои «Тиллои тоҷик», сокинони ҷамоати Сариосиёи ин ноҳия ҳалок шуданд.

Котиби матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон Ориф Нозимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин ҳодиса шоми рӯзи 27 июн замоне рух додааст, ки бародарон Тоҳир Маҳмадови 47-сола ва Дилшод Маҳмадови 29-сола ба ҷустуҷӯи тилло машғул будаанд.

Тибқи баъзе маълумоти ғайрирасмӣ, бародарон ғайриқонунӣ ба истихроҷи металли қиматбаҳо машғул будаанд. Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯянд, онҳо коргарони корхонаи «Тиллои тоҷик» мебошанд.

Зимнан зикр гардид, ки рӯзи 28 июн ҷасадҳои бародарон аз зер хок берун оварда шуда, ба ихтиёри хешовандону наздиконашон супурда шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки корхонаи «Тиллои тоҷик» қаблан ҳамчунин корхонаи муштараки «Дарвоз»-и Тоҷикистону Канада фаъолият дошта, айни замон корхонаи давлатии истеҳсоли тилло мебошад. Тиллои ин кон навъи беҳтарин дар Тоҷикистон шуморида шуда, маҳсулоте, ки аз ҷониби ин корхона истихроҷ мешавад, ба фурӯш нарафта, дар захираи давлат нигаҳдорӣ мешавад.