Бар асари заминларзаи шоми рӯзи 1 июл дар деҳаҳои ҷамоати деҳоти Иҷборак ва Аскалони ноҳияи Рашт 15 манзили зист пурра ва боз 30 хонаи истиқоматӣ қисман хароб гардиданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ хабр дод, айни ҳол аҳолии аз офати табиӣ осебдидаи ноҳия бо манзили зисти муваққатӣ, хизматрасонии тиббӣ ва маҳсулоти ғизойӣ таъмин карда шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи 1 июл дар қаламрави Тоҷикистон заминҷунбӣ  ба амал омада , маркази зилзила дар  27-километрии шимолу шарқи маркази ноҳияи Рашт ва  165-километрии   шарқи Душанбе, дар ҳудуди деҳаи Чилдараи ноҳияи Сангвор  ба қайд гирифта шуд. Қувваи зилзила дар маркази он 5 балро ташкил дода, дар шаҳри Душанбе қувваи он ба 2 бал баробар буд.

Комиссияи махсуси аз ҷониби ҳукумат таъсисёфта таҳти роҳбарии муовини нахуствазир Маҳмадтоир Зокирзода оқибатҳои заминларзаро таҳқиқ мекунад.