Се нафар сокинони шаҳри Сарбанд ба куштори ҳамдиёри худ гумонбар дониста мешаванд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, тақрибан соатҳои 1-и шаби 10 июл се нафар шахсони номаълум сокини 56-солаи шаҳри Сарбандро назди хонааш мавриди лату кӯби шадид қарор дода, аз ҷароҳату захмҳои гирифта мард дар бемористони маҳаллӣ ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, ба гумони даст доштан дар содир намудани ҷинояти мазкур бародарон, ҷавонони 40, 37 ва 34-солаи сокинони шаҳри Сарбанд дастгир карда шуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.