Кормандони милитсия ду ҷавони сокини Душанберо ба гумони даст доштан дар авбошӣ ва истифода аз корд зимни муноқиша боздошт намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, шаби рӯзи 9 август дар назди тарабхонаи “Дӯстӣ»-и пойтахт шахсони номаълум ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Душанберо бе ягон асос дашномҳои кабеҳ гуфта, ӯро лату кӯб мекунанд.

«Сипас бо корд ба қафаси синааш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми рух додани ин ҳодиса ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст», - омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ду нафар ҷавони 21-солаи сокинони шаҳри Душанберо ҳамчун гумонбар дар содир намудани ин ҷинояти авбошӣ дастгир намудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки айни замон нисбати гумонбаршудагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ давом дорад.