Ҷасади рӯзи 22 июл гумшудаи сардори Раёсати кадрҳои Палатаи ҳисоби Тоҷикистон Кенҷабой Ҷӯраев баъди чанд рӯз дар яке аз теппаҳои атрофи Хоҷа Обигарми ноҳияи Варзоб дарёфт шуд. Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, вале то ҳанӯз ҳолатҳои марги ӯ норавшан боқӣ мемонанд.

Бино ба иттилои  Радиои Озодӣ , ӯ дар рухсатии меҳнатӣ қарор дошта, рӯзи 22 июл бедарак мешавад. Дар ин рӯз чанд нафар афроди ношинос ба хонааш омада, ӯро ба кӯча даъват кардаанд. Баъди ин ӯ ба автомашина нишаста, ҳамроҳи онҳо меравад.

Наздикони марҳум ба «Азия-Плюс» дар мавриди ин масъала иттилоъ доданд, ки Кенҷабой Ҷӯраев бинобар сабаби беморӣ дар хонааш қарор дошта, субҳи рӯзи 22 июл ба писари калониаш хабар медиҳад, ки ба қабули дармонгоҳи №12-и наздикии хонааш меравад.

«Он рӯз ӯ ҳатто телефони ҳамроҳ (мобилӣ)-ашро бо худ нагирифт. Шоми ҳамон рӯз ҳамсараш ба мо аз бедаракшавии ӯ хабар дод. Муддати чанд рӯз мо ӯро аз бемористону мурдахона ва гирду атроф кофтем, вале натиҷае ҳосил нашуд. Дар бораи дар Хоҷа Оби Гарм дарёфт шудани ҷасади мард ба мо ҳамсояи яке аз бародаронамон хабар дод, ки худаш аз ҳамонҷост ва медонист, ки мо Кенҷабойро ҷустуҷӯ дорем. Ӯ ҳамчунин ба мо хабар дод, ки ҷасад ба мурдахонаи шаҳраки тиббӣ (медгородок) оварда шудааст», - хабар доданд ба «Азия-Плюс» пайвандони Ҷӯраев.

Онҳо фарзияи ба худкушӣ даст задани марҳумро, ки дар чанде аз ВАО садо дода буд, рад карданд. «Агар ӯ мушкиле медошт, мо аз он воқиф мебудем, зеро миёни мо ҳеҷ гоҳ ягон сирре вуҷуд надошт ва гузашта аз ин, чаро шахсе, ки ба худкушӣ даст заданист, бояд ба ҷои номаълуме мерафт? Ғайр аз ин, мо бо табиби муолиҷакунандаи ӯ суҳбат кардем, то ки эҳтимоли бемории ҷиддӣ доштани ӯро бифаҳмем, вале ба гуфтаи табиб, бемории ӯ ҷиддӣ набудааст», - ҳикоят карданд бародарони Кенҷаев.

Ҳамчунин онҳо намедонанд, ки бародарашон бо кадом касе ихтилофу носозие дошт. «Вақте мо ба шиносҳо, ҳамкорони собиқу ҳозираааш дар бораи марги ӯ хабар додем, ҳамаашон самимона изҳори андӯҳ карданд, чунки ӯ шахси ҳалиму меҳрубон буд», - мегӯянд наздиконаш, вале бо вуҷуди ин, мутмаинанд, ки ӯро куштаанд.

Дар оилаи серфарзанд ӯ хурдтарин (кенҷагӣ) буд. Айни замон вазъи модари 90-солааш хеле бад аст. Ҷӯраев ҳамсар ва 4 фарзанд дошт, ки хурдтарини онҳо 3-сола аст.

Наздиконаш ҳамчунин зикр карданд, ҳамаи маводи парвандаи ҷиноӣ ҷиҳати тафтишоти минбаъда ба мақомоти прокуратураи ноҳияи Варзоб фиристода шуда, то ҳол онҳо аз натиҷаҳои ташхиси судиву тиббӣ огаҳӣ надоранд.