Зимни фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ дар Тоҷикистон ду кӯҳнаварди Русия - раиси клуби кӯҳнавардии МАИ Михаил Волков ва Наталя Светова ба ҳалокат расидаанд.

Бино ба маълумоти сомонаи Федератсияи кӯҳнавардии Русия, ин ҳодисаи фоҷеабор субҳи рӯзи 14 август дар теғаи қуллаи Исмоили Сомонӣ (собиқ Коммунизм, 7495 метр) рух дода, дар баландии 6800 метр аз сатҳи баҳр гурӯҳи кӯҳнавардони иборат аз 3 нафар зери тарма мондаанд.


Аз ин ҳодиса мақомоти дахлдори Тоҷикистон ва Русия огоҳ карда шуда, аз шумори ихтиёриён гурӯҳи ҷустуҷӯиву наҷотдиҳӣ ташкил карда шудааст. Ҳамчунин санаи 16 август тариқи чархбол макони тарамфароӣ низ аз назар гузаронида шуда, вале дарёфти осори фавтидагон муяссар нашудааст. Бо қарори гурӯҳ ва наздикони фавтидагон ба тадбирҳои ҷустуҷӯ хотима бахшида шудааст.

Федератсияи кӯҳнавардии Русия ба ҳамаи пайвандону наздикони фавтидагон ҳамдардии амиқ изҳор намудааст.


Дар ҳамин ҳол, дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон изҳор карданд, ки аз ин ҳодиса огаҳӣ надоранд. Котиби матбуотии Кумита Умеда Юсуфова тариқи телефон ба «Азия-Плюс» гуфт, «ин далел дар КҲФ ба қайд гирифта нашуда, мо аз он ҳеҷ огаҳие надорем».

Қуллаи Исмоили Сомонӣ (собиқ қуллаи Сталин, қуллаи Коммунизм) қуллаи баландтарини Тоҷикистон ва нуқтаи баландтарини собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (7495 метр) мебошад, ки 1440 метр аз Эверест пасттар аст.