Генерал-лейтенант Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идомаи силсиламулоқотҳояш бо сафирон, намояндагони созмонҳои байналмилалии муқими Душанбе бо ҳайати Созмони кӯмакҳои башарии Корея Ҳамзистии мусолиматомези байналмилалӣ дар Тоҷикистон дидор кард.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумита, дар ҷараёни ин мулоқот масъалаҳои таҳияи дастури хониш барои мактаббачагон дар бораи он ки дар ҳолатҳои фавқулодда ва офатҳои табиӣ чӣ гуна бояд рафтор намоянд, ҳамчунин омодасозии китобчаҳои иттилоърасонӣ ва тақвимҳо дар ин самт баррасӣ шуданд.

Дар мулоқот бо Сафири тозатаъини Ҷопон дар Тоҷикистон ҷаноби Ҳадҷимэ Китаока Рохбари Кумита меҳмони олиқадрро бо самтҳои асосии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ ва нақши ҳамоҳангсозии Кумита дар татбиқи амалии ин сиёсатҳо нақл кард.

Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои имзои Лоиҳаи Таҳкими иқтидор дар самти коҳиши хатарҳои офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон, ки бояд 7-уми сентябри соли равон сурат гирад, муҳокима намуданд.

Мулоқоти дигари Рустам Назарзода бо Сафири Фавқулодда ва мухтори Ҳиндустон дар Тоҷикистон Сомнатх Гош сурат гирифт.

Дар ин мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои омодагӣ ба Конфронси Осиёгии вазоратӣ оид ба коҳиши хатари офатҳо, ки қарор аст тирамоҳи соли ҷорӣ дар Ҳиндустон баргузор шавад, баррасӣ карданд.

Ҳамчунин, масъалаи имзои ҳуҷҷати дигари ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда низ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Дар поёни ҳамаи ин дидору мулоқот Сарвари Кумита ба меҳмонон барои ҳусни таваҷҷуҳашон ба ҳамкориҳо изҳори ташаккур кард ва ба муҳим будани татбиқи амалҳои муштарак таъкид намуд.