Масъулон ҳарорати баланди ҳаво ва риоя нашудани қоидаҳои оббозиро сабабҳои аслии афзоиши теъдоди ғарқшудагон арзёбӣ мекунанд.


Нозири «Кӯли ҷавонон»-и шаҳри Душанбе Алишер Азизов изҳор медорад, ки кӯдакону наврасон ба суханонаш беэътиноӣ зоҳир карда, дар ҷойҳои хавфнок оббозӣ мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, маҳз чунин худбоварию беэҳтиётии ҷавонон ва аз назорати волидайн дур мондани онҳо ба ҳодисаҳои нохуш сабаб мешавад. Вай афзуд: «Борҳо таъкид мекунем, ки аз як соҳил ба соҳили дигар шино карда нагузаред, аммо онҳо моро гӯш намекунанд. Чанд маротиба шоҳиди ғарқ шудани наврасон дар байни кӯл гардидем ва онҳоро наҷот додем. Аммо ҳолате буд, ки аз се навраси ғарқшуда як нафараш фавтид».

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар бархе аз кӯлу ҳавзҳои шаҳри Душанбе ҷойи оббозии кӯдакону наврасон муайян нашудааст ва хатари ғарқшавӣ ба онҳо таҳдид мекунад. Мисоли равшан «Кӯли ҷавонон» аст, ки ба талаботи оббозии кӯдакон ҷавобгӯй набуда, нишонаҳои огоҳкунандаи хатар дар ягон гӯшаи он ба чашм намерасад. Хурду бузург дар як мавзеъ шино мекунанд.

Гар шиновар нестӣ...

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ (КҲФМГ), агар дар шашмоҳаи аввали соли 2015 дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон 54 нафар ғарқ шуда бошад, ин рақам дар соли равон 61 нафарро ташкил додааст.

Риоя накардани қоидаҳои оббозӣ, беэҳтиётӣ ва лағжидан ба об, худкушӣ, садамаҳои автомобилӣ, шиноварӣ дар ҳолати мастӣ ва беназоратӣ аз сабабҳои аслии афзоиши омори ғарқшудагон арзёбӣ гардида, бархе ҳангоми моҳигирӣ ва чӯпонӣ ғарқ шудаанд.


Ҷамшед Камолов , сардори Раёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди КҲФМГ изҳор дошт, ки ҳамасола аз тарафи кумита дар иншоотҳои обии ҷумҳурӣ чорабиниву корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд. Ҳамзамон бехатарӣ ва омодагии ҳамаи кӯлҳо барои мавсими оббозӣ санҷида шуда, барои беҳтар кардани шароити оббозӣ тавсияҳо пешниҳод мешаванд. «Мо дар мавзеъҳое, ки сокинон бештар ғарқ мешаванд, таҳлил гузаронда, минтақаҳои хавфнокро муайян мекунем ва дар он ҷо лавҳаҳои огоҳкунанда мегузорем. Аммо соҳили ҳама кӯлу рӯдҳои ҷумҳуриро фаро гирифтан ғайриимкон аст», - гуфт ӯ.

Нигаронии масъулон аз он аст, ки сокинон ба огоҳии онҳо эътибор надода, дар ҷойҳои хавфноку манъшуда оббозӣ мекунанд ва ҷони худро дар хатар мегузоранд.


Камолов афзуд, ки дастаҳои зудамали онҳо барои наҷоти шаҳрвандон дар мавсими ҷорӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Ба гуфтаи ӯ, соли равон 44 нафар бо роҳҳои гуногун аз ғарқшавӣ наҷот дода шуданд.

Афзоиши худкушӣ

 

Омор нишон медиҳад, ки ҳолатҳои худғарқкунӣ дар ҷумҳурӣ афзудааст. Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 15 нафар бо ин усул даст ба худкушӣ задаанд. Ин рақам нисбат ба соли гузашта 10 нафар зиёд аст. Аз ин миён ду ҳолат – амали ҷавонзани 25-солаи шаҳри Норак, ки худ ва 4 фарзандашро ба дарёи Вахш афканд, инчунин суиқасди зани 32-сола, ки худро бо се кӯдакаш ба канали Ҳисор партофт, ҷомеаи Тоҷикистонро такон дод.

«Эҳтиёт – ними ҳаёт!»

Тавре аз гуфтаи масъулон бармеояд, аксари ғарқшудагон худ сабабгори маргашон ҳастанд. Аз ин рӯ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки дар мавсими оббозӣ аз эҳтиёт кор гирифта, худро аз хатари ғарқшавӣ дар кӯлу дарёҳо эмин доранд.


Коршиносон барои пешгирии ғарқшавии кӯдакону наврасон бунёди ҳавзҳои махсуси шиноварӣ барои омӯхтани оббозиро муҳим мешуморанд.

 


Ҳамчунин ба хурдсолон омӯзондани маҳорати шиноварӣ дар кӯдакистону мактабҳо зарур дониста мешавад.