Ҷасади кӯҳнаварди рус Михаил Волков, ки рӯзи 14 август ҳангоми фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ дар Тоҷикистон ҳалок шуда буд, аз ҷониби наҷотдиҳандагон клуби кӯҳнавардии Донишкадаи авиатсионии Маскав ва ширкати сайёҳии тоҷикистонии «ПомирПикс» дарёфт шуд.

Раиси Шӯрои рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон Давлат Ҳабибов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҷасади раиси клуби кӯҳнавардии Донишкадаи авиатсионии Маскав Михаил Волков рӯзи 22 август дарёфт шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон корҳои ҷустуҷӯи ҷасади кӯхнавардзани рус Наталя Светова, ки ҳамроҳи Волко фавтида буд, идома дорад.


Ёдрас мекунем, ки субҳи рӯзи 14 август зимни фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ дар Тоҷикистон ду кӯҳнаварди Русия - раиси клуби кӯҳнавардии МАИ Михаил Волков ва Наталя Светова ба ҳалокат расиданд.