Фарангис Юнусоваи 10-сола, ки рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта дар Душанбе бедарак шуда, дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» дар ин хусус маълумот интишор гардида буд, пас аз як шабонарӯз дарёфт шуд.

Тавре Туҳфанисо Юнусова, модари духтарча ба «Азия-Плюс» хабар дод, Фарангис нимаи дуюми рӯзи 23 август баъди муноқиша бо бародараш аз хонаашон гурехтааст. Ӯ бо волидонаш дар кӯчаи Павлови ноҳияи Исмоили Сомонӣ, дар наздикии осорхонаи ба номи Садриддин Айнӣ (мавзеи Донишкадаи омӯзгорӣ) зиндагӣ мекунад.

«Дар бораи гум шудани духтарчаам ба Шӯъбаи ВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣи муроҷиат кардем. Онҳо фавран ба ҷустуҷӯ оғоз намуданд. Ман ҳам бо хешу табор ва дигар наздиконам ба ҷустуҷӯяш баромадем, вале  давоми як шабонарӯз аз Фарангис ягон дараке нашуд. Имрӯз чанд зан ба мақомоти милитсия занг зада, изҳор доштаанд, ки Фарангис имшаб дар маҳаллаи Зарафшон назди онҳо будааст ва мо метавонем ӯро дар фурудгоҳ аз онҳо гирем», - мегӯяд модари духтарча.

Ба гуфтаи ӯ, Фарангис нақл кардааст, ки ба ӯ касе осебе нарасонидааст. «Ӯ вақти аз хона баромаданаш хостааст, ки ба хонаи бибияш ба Зарафшон равад, вале вақте роҳро гум мекунад,  занони ҳамсояи бибияш духтарчаамро бо худ гирифтаанд. Ӯ як шаб бо онҳо мемонад ва саҳарӣ ин занон ба милиса муроҷиат мекунанд, ки ба туфайли он духтарчаам ёфт шуд», - афзуд номбурда.

Айни замон волидони Фарангис дар шуъбаи милитсия қарор дошта, ҳамаи ҳолатҳои рух додани ин ҳодисаро шарҳ медиҳанд.