Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ташкил намудани гуфтугӯи озод ва табодули назар байни олимон, мутахассисон ва ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба амнияти сейсмикӣ дар Осиёи Марказӣ аз 25 то 27 август 2016 Конфронси байналмилалии илмию амалиро дар мавзўи «Амнияти сейсмикӣ дар Осиёи Марказӣ» баргузор менамояд.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» , дар конфронс масъалаҳои амнияти сейсмикии сарбандҳои нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ, гузаронидани мониторинги сейсмикӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ, муттаҳид намудани неруи сейсмологҳои минтақа ҷиҳати паст намудани хатари заминларзаҳо дар кишварҳои ҳамҷавор, дурнамои таъсиси низоми ягонаи мушоҳидаҳои сейсмологии Осиёи Марказӣ, ҷалби донорҳои байналмилалӣ ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба амнияти сейсмикӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Инчунин дар Конфронс доир ба бехатарии сохтмонҳои иҷтимоӣ, шаҳрсозӣ нисбат ба заминларза ва то ҳадди имкон кам намудани хавфи онҳо ва таъмини амнияти сейсмикӣ ҳангоми банақшагирии сохтмонҳо дар шаҳрҳо (махсусан шаҳрҳои калон) табодули назар карда мешавад.

Ҳамчунин дар кори конфронс ташкил намудани намоишгоҳи технологияҳои нав дар ин самт ва натиҷаҳои корҳои илмии олимони тоҷик дар соҳаи сейсмология ба нақша гирифта шудааст.

Дар кори конфронс беш аз 30 нафар олимони шинохтаи соҳаи сейсмология аз 16 кишвари дунё иштирок хоҳанд кард.

Дар ҷамъбасти кори конфронс Баёнияи иштирокдорони он қабул карда мешавад.