Аз куҳсанги деҳаи Себистони ҷамоати Қалъаи лаби оби ноҳияи Тоҷикобод рӯзи 28 август як бахши азими пирях канда шуда, ба сели бузурге табдил ёфт ва самти ҳаракати рӯдхонаи Шӯракро бастааст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, бар асари он сатҳи оби дарё боло шуд ва пули байни деҳаҳои Фатҳобод ва Шӯробро вайрон карда, 10 хонаи истиқоматиро хароб ва ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва системаҳои коммуникатсионии рустоҳои Фатҳобод ва Капалии ноҳияи Тоҷикобод осеб расонид.

Гуфта мешавад, бо мақсади бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ, Ситоди фаврӣ таъсис дода шуда, ҷонишини Сарвазири Тоҷикистон Муҳаммадтоир Зокирзода, муовини аввали Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, генерал-майор Рустами Шоҳиён ба ҷойи ҳодиса рафтаанд. Воҳидҳои низомии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҷалб карда шуданд.

Ба иттилои манбаъ, айни замон хонаҳои истиқоматӣ аз хасрӯбаву лойоба тоза карда мешаванд, постгоҳҳои назоратӣ гузошта шуда, нуқтаи таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ташкил карда шудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки офати табиӣ талафоти ҷонӣ дар пай надоштааст.