Автомашинаи тамғаи «Хундай-Старекс» таҳти идораи сокини 36-солаи шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Карамов ба автомашинаи тамғаи «Тойота -Кемри»-и сокини 39-солаи шаҳри Истаравшан бархӯрд.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар мавриди ин ҳодиса иттилоъ медиҳад, ки бар асари бархӯрди воситаҳои нақлиёт автомашинаи «Хундай-Старекс», ки ронандааш дар ҳолати сархушӣ аз машрубот будааст, чаппа мешавад.

Гуфта мешавад, мусофири автомашинаи чаппашуда, сокини 35-солаи шаҳри Душанбе аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.