Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ба гумони расонидани зарари ҷисмонӣ дастгир карда шуд.

Тавре дафтари матбуоти ВКД иттилоъ медиҳад, номбурда шаби 5-ум ба 6-уми сентябри соли 2016, тахминан соати 01:30-дақиқа дар кӯчаи Х.Ризои шаҳри Ваҳдат аз сабаби муносибати ошиқона доштанашон, бо ҷавондухтари 20-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ҷангу ҷанҷол карда, сипас бо корди дар дасташ буда якчанд маротиба ба узвҳои баданаш задааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.