Дар километри 231-уми шоҳроҳи “Душанбе-Хоруғ”, дар  ҳудуди деҳаи Сафедоби поёни ноҳияи Шамсиддини Шоҳин рӯзи 14 сентябр аз кӯҳҳо сангпораҳо фаромада, ба болои автомашинаи тамғаи «Хундай-Галопер», таҳти идораи марди 31-солаи сокини ноҳияи Ишкошим, ки аз самти шаҳри Хоруғ ба самти шаҳри Душанбе ҳаракат мекард, бархӯрда, автомашина ба чуқурии 250 метр чаппа шудааст.

Дафтари матбуоти ВКД дар шарҳи ин маълумот менависад, дар натиҷа мусофирони автомашина - марди 30-сола, зани 18-солаи сокинони ноҳияи Ишкошим ва зани 57-солаи сокини ноҳияи Ёвон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, худи ронанда ва мусофирони дигари автомашина, занони 19 ва 22-сола ва ҷавони 23-солаи сокинони ноҳияи Ишкошим ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.

Гуфта мешавад, дар ин рӯз, тахминан соати 17:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи  “КАМАЗ”, марди 20-солаи сокини ноҳияи Тоҷикобод ҳангоми ҳаракат дар мавзеи кӯҳии “Чордара”-и ноҳияи мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии 150-метр чаппа шудааст, ки дар натиҷа ронандаи автомашина ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.