Шаби 13 сентябр чор нафар ронандагон - Бахтиёр Раҳимови 27-сола, Бахтиёр Ҷабборови 29-сола, Алишер Камолови 28-сола ва Одил Зокирови 31-сола дар кӯчаи Ҳофизи Шерозии шаҳри Душанбе, дар назди Наврӯзгоҳ мусобиқа-пойгаи нақлиётӣ ташкил намудааанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, баъди боздошт намудан аз ҷониби кормандони БДА, нисбати ронандагон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ирсол гардидааст.


Гуфта мешавад, суд нисбати онҳо парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро мавриди баррасӣ қарор дода, ба онҳо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз ҷазо таъин кардааст.


Зимнан зикр мегардад, ки айни замон онҳо ба ҳабси маъмурӣ гирифта шуда, воситаҳои нақлиёташон дар ҷаримагоҳи ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе қарор доранд.