Дар баҳри Миёназамин, саҳеҳтараш дар соҳилҳои Миср киштии ҳомили гурезагон дучори фалокат шуда, бар асари ҳодиса 43 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Бино ба иттилои сомонаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», тавре маълум шудааст, дар дохили сафина 600 нафар қарор доштанд. Бино ба маълумоти низомиёни Миср, ки дар амалиёти наҷотдиҳӣ ширкат намудаанд, инҳо шаҳрвандони Судон, Сурия, Сомали, Эритрея ва Миср мебошанд.

Ҳукуматдорони Миср бар он назаранд, ки киштӣ ба вазни зиёд тоб наоварда, дучори суқут шудааст. Тибқи иттилои комиссияи Аврупо аз аввали сол наздики 300 ҳазор муҳоҷир вориди Аврупо шудаанд, ки 3 ҳазори онҳо дар об ғарқ шуда, ба ҳалокат расидаанд.