Садамаи нақлиёт, ки рӯзи 22 сентябр дар қаламрави деҳаи Навбаҳор рух дод, ба ҳалокати 5 нафар оварда расонид.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар мавриди ин ҳодиса маълумот медиҳад, ки ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Навбаҳори ноҳияи Ҳисор ронандаи 23-солаи автомашинаи тамғаи «Митсубиси», сокини ҳамин ноҳия дар ҳолати мастӣ бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда наметавонад ва дар натиҷа автомашина ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи марди 41-солаи сокини ноҳияи Бохтар бархӯрдааст.

Гуфта мешавад, бар асари ин садамаи марговар 5 нафар шаҳрвандон, аз ҷумла, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, мусофирони автомашинаи мазкур занҳои 41 ва 47-солаи сокинони шаҳри Сарбанд, зани 53-сола ва марди 53-солаи сокинони шаҳри Қурғонтеппа ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Зикр мегардад, ки дар ин бархӯрд, мусофири автомашинаи «Опел-Астра», писарбачаи 12-сола, ронандаи автомашинаи тамғаи “Митсубиси” ва мусофири ҳамин автомашина марди 25-солаи сокини ноҳияи Ҳисор зинда монда, бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гаштаанд.