Сокини шаҳри Истаравшан, марди 47-сола ҳангоми дар меҳмонӣ будан ба ҳамсари худ бо корд 17 зарба задааст.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар мавриди ин ҳодиса маълумот медиҳад, ки ин марди ба гумони даст доштан дар куштори бераҳмона боздоштшуда бо ҳамсари 26-солаи худ рӯзи 22 сентябр ба хонаи хешовандашон ба меҳмонӣ меоянд.

«Сипас аз сабаби  хусумати  оилавӣ миёни онҳо ҷангу ҷанҷол ба вуқӯъ пайваста, ӯ бо корд 17 маротиба ба узвҳои бадани ҳамсараш зарба задааст, ки дар натиҷа зани ҷабрдида бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба ҳалокат расидааст», - омадааст дар маълумоти ВКД.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.