Валамат Иброҳимзода, ҳамсари узви Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи наҳзати исломӣ Раҳматуллои Раҷаб аз болои фаъолони ҷонибдори ҳукумат, ки ба худи ӯ ва хонаву дару девораш тухм пошида, назди он овезаву плакатҳоро оташ заданд, ба мақомоти милитсия шикоят намекунад.

«Нисбати ин ҷавонон ба милитсия муроҷиат кардан маъние надорад, агар ҳамаи ин аксия аз ҷониби худи ҳукуматдорон ташкил шуда бошад», - гуфт Валаматзода дар суҳбат бо «Азия-Плюс».

Ба гуфтаи ин зан, вақте тақрибан 40 нафар ҷавонон бо автобус ба назди хонаи онҳо меоянд, ӯ танҳо бо духтараш дар хона будаанд. «Ҳангоме ки онҳо ба тухмшапиву оташ задани портрет ва шиорпартоиҳо оғоз карданд, мо хеле ба ҳарос афтодем, - мегӯяд ӯ. - Ин ҳолат қариб як соат давом кард. Вақте ки онҳо бо фарёд таҳид карданд, ки хонаатонро оташ мезанем, ман назди онҳо баромадам».

Дар ҳамин ҳол, аз ВКД Тоҷикистон хабар доданд, ки ба таҳқиқи ин ҳодиса шурӯъ кардаанд, ҳарчанд қаблан изхор намуда буданд, ки огаҳӣ надоранд. «Дарвоқеъ ҳам ба мо касе муроҷиат накардааст, вале мо бо маълумот дар ин бора дар интернет шинос шуда, ба таҳқиқот оғоз кардем», - хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз дафтари матбуоти ВКД.