Сарбози яке аз қисмҳои низомии ВКД Тоҷикистон, ки дар шаҳри Қӯрғонтеппа мустақар аст, ҳамхизмати худро парронд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон дар ин робита иттилоъ дод, ин ҳодиса рӯзи 21 сентябр рух дода, бар асари ҷароҳати бардошта хизматчии ҳарбӣ дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудааст.

Ҷасади хизматчии ҳарбӣ ба наздиконаш, ки дар ноҳияи Панҷакент иқомат доштаанд, супурда шудааст.

Дар Сарпрокуратураи ҳарбӣ аз ифшои ному насаби сарбози ҳалокшуда ва шахси гумонбар ба ин ҷиноят худдорӣ варзида, зикр карданд, ки то анҷоми тафтишоти пешакӣ, аз рӯи ин далел маълумоте пешниҳод нахоҳанд кард.

Манбаъи «Азия-Плюс» дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иброз дошт, ки тибқи маълумоти пешакӣ, ин ҳодиса дар натиҷаи истифодаи нодурусти аслиҳа ба вуқӯъ пайваста, фарзияи саҳеҳи онро гурӯҳи тафтишотӣ муайян мекунад.

Ёдрас мекунем, ки моҳи августи соли равон суди ҳарбии гарнизони Душанбе сарбози қисми низомии 06870 «В»-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Тоҷиддин Раҳматовро барои даст доштан дар куштори ҳамхизмати худ Азизҷон Мақсудов ба 9 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.