Аз рӯи далели марги хизматчии ҳатмии ҳарбии қисми низомии 3503 ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Сухангӯи Вазорати корҳои дохилии ҶТ Умарҷони Эмомалӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки парвандаи ҷиноӣ мутобиқи моддаи 387 Кодекси ҷиноии ҶТ (Вайронкунии қоидаҳои муносибат  бо яроқ ва бо предметҳое, ки барои атрофиён хавфи зиёд дорад) боз шудааст.

Номбурда аз ифшои ҷузъиёти дигари масъалаи мазкур худдорӣ варзида, танҳо зикр кард, ки тафтишот аз рӯи ин парванда идома дорад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 21 сентябр сарбози яке аз қисмҳои низомии ВКД Тоҷикистон, ки дар шаҳри Қӯрғонтеппа мустақар аст, ҳамхизмати худро парронд. Бар асари ҷароҳати бардошта хизматчии ҳарбӣ дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуд.