Нимаи дуюми рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта, 6 октябр дар манзили истиқоматии баландошёна дар хиёбони Рӯдакӣ сӯхтор сар зад.

Аз Хадамоти оташнишонии ВКД Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки дар ҷойи ҳодиса 4 дастаи оташнишонон дар муддати 20 дақиқа сӯхторро хомӯш кардаанд.

«Оташ як хона дар ошёнаи 4-уми маҷмааи истиқоматии «Пойтахт-90»-ро фаро гирифта, хушбатона ҳеҷ касе аз он осеб надидааст», - гуфт манбаъ.

Мувофиқи фарзияи пешакӣ сӯхтор бар асари болои кат рехтани хокистари сигор рух додааст.