Кормандони милится марди 35-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, корманди яке аз ошхонаҳо дар ноҳияи Шаҳристонро ба гумони даст доштан дар ҷинояти куштор дастгир намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, гумонбаршуда шаби рӯзи 7 октябр дар ҳавлии ошхона аз сабаби муноқиша бо марди 42-солаи ҳамдеҳа ва ҳамкори худ ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда як маротиба ба қафаси синааш задааст, ки дар натиҷа марди ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.