Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ дархост кардааст, ки ба кормандони милиса дар муайян кардани шахсияти марде, ки ҷасадаш санаи 5 сентябр дар вилояти Суғд дарёфт шудааст, мусоидат кунанд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, субҳи рӯзи 5 сентябр дар ҷамоати Унҷи, кӯчаи Ҷ.Солиеви ноӽияи Б.Ғафуров, аз қисми қафои мактаби таҳсилоти умумии №29, ҷасади ҷинсаш мард, шахсияташ номаълум, тақрибан 18-23 сола дарёфт карда шудааст.

«Муддати зиёда аз як моҳ мешавад, ки ҷасади мазкур дар сардхонаи ноҳияи Б.Ғафуров қарор дошта, шахсияташ то айни замон номаълум боқӣ мондааст», - омадааст дар маълумот.

Нишонаҳои махсус: қадаш 165-170 см, мӯйи сараш сиёҳ, рӯяш даврашакл, биниаш рост, дар танаш куртаи варзишии хокистаранги остиндароз бо навиштаҷоти «CANADA», шими ҷинси рангаш кабуд ва дар пояш пойафзоли варзишӣ мебошад.

Аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш шудааст, ки ҷиҳати муайян намудани шахсияти ҷасади мазкур бо мақомоти корҳои дохилӣ ҳамкорӣ намуда, агар маълумоте дошта бошанд, бо «Телефони боварӣ»-и Вазири корҳои дохилӣ: 221-21-21, ё ба қисми навбатдории ШВКД дар шаҳри Б.Ғафуров бо рақами (83442)-3-22-35, 92-888-06-71 занг зананд.

Марди ҳалокшуда
Аз сомонаи ВКД