Бар асари як ҳодиса фоҷеабор, ки рӯзи 17 октябр рух дод, майори Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Неъматулло Хайруллоеви 31-сола ба ҳалокат расида, як сарбози қатории дигар низ ҷароҳат бардошт.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, мошини зиреҳпӯш (БТР), ки аз шаҳри Хоруғ ба Ишкошим ҷиҳати иштирок дар размоиши зиддитеррористӣ сафарбар шуда буд, дар роҳ чаппа шудааст.

Ёдрас мекунем, ки имрӯз дар машқгоҳи низомии Ишкошим размоишҳои зиддитерорристии Тоҷикистону Чин оғоз мегарданд, ки дар онҳо ҳудуди 10 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони сохторҳои қудратӣ иштирок мекунанд.