Ронандаи трактори тамғаи “МТЗ 82-1” марди 56-солаи сокини ноҳияи Ҳисор субҳи рӯзи 31 октябрҳангоми ҳаракат дар заминҳои корами ҳудуди ноҳияи мазкур аз беэҳтиётиаш писарбачаи 3-солаи сокини шаҳри Душанберо пахш намудааст.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон бар асари ин ҳодисаи нохуш хурдсол ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, ҳамин рӯз ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, марди 23-солаи сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ҷайҳун ба самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ, дар шоҳроҳи “Душанбе-Қурғонтеппа-Панҷи поён” бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста марди 65-солаи сокини ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Ҷайҳунро пахш намудааст, ки дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Зикр мегардад, ки шаби 30 октябр ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, марди 22-солаи сокини ноҳияи Хуросон ҳангоми ҳаракат дар роҳи “Душанбе-Қурғонтеппа”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти С.Айнии ноҳияи Хуросон, пиёдагардон: ду нафар марди 32 ва 36 солаи сокини ҷамоати деҳоти зикргардидаро пахш намудааст, ки бар асари он пиёдагарди 36-сола бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ҳалок ва нафари дигар дар беморхона бистарӣ гаштааст.

Тибқи маълумоти ВКД Тоҷикистон, тайи 8 моҳи соли равон дар роҳҳои ҷумҳурӣ 928 ҳодисаҳои садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шудаааст, ки бар асари онҳо 311 нафар ҳалок ва 970 кас ҷароҳат бардоштаанд.