Бар асари сӯхтор дар оғилхона дар деҳаи Осмонбики ҷамоати Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ, ки нимаи дуюми рӯзи 31 октябр рух дод, 3 нафар кӯдакони синни аз 2 то 5-сола ба ҳалокат расиданд.

Сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфова ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки кӯдакон худашон ба оташбозӣ машғул шуда, ду нафари кӯдакони ҳалокшуда бародарон ва нафари дигар писари ҳамсоя будааст.

Зимнан зикр гардид, ки модари бародарони ҳалокшуда баҳри наҷоти онҳо талош варзида, осеб дидааст ва дар бемористон бистарӣ аст.

Бино ба маълумоти ВКД Тоҷикистон, тӯли 9 моҳи соли равон дар саросари ҷумҳурӣ 1054 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳамин ҳол, ВКД доир ба шумори ҷабрдидагон аз ин ҳодисаҳо маълумот интишор накардааст.