Теъдоди фавтидагон бар асари садамаи қатора дар Ҳиндустон ба 133 нафар расида, беш аз 200 тани дигар бистарии беморхона мебошанд.

Бино ба иттилои сомонаи шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо», фоҷиа шаби 19 ба 20-уми ноябр дар штати Утар-Прадеши қисми шимолии мамлакат ба қайд гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, табибон вазъи сиҳатии чанд тан аз аз захмиёнро ниҳоят вазнин арзёбӣ мекунанд. 14 вагони қатораи мусофиркаш ногаҳон аз хати роҳи оҳан берун ва чаппагардон шудааст.

Кормандони Хадамоти ҳолатҳои фавқулода ва наҷотдиҳӣ дар макони ҳодиса фаъолиятро идома медиҳанд. Яке аз сабабҳои асосии сар задани фоҷиа дар корношоям будани роҳ оҳан арзёбӣ мегардад. 

1/8