Сокини 56-солаи ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми ҷанҷолу муноқиша бо ҳамсари 49-солааш бо корд ба ҷисми ӯ 4 зарбаи марговар зада, сипас ба худкушӣ даст задааст.

Тибқи маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар натиҷа зани ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. «Сипас ӯ бо корди дар дасташ буда,  чор маротибаи дигар ба узвҳои бадани худ зада, ба беморхона интиқол дода мешавад», - омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, нисбати марди гумонбаршуда бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти ҳодиса идома дорад.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, давоми 10 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 99 ҳодисаи куштор ё суиқасд ба он ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22 ҳодиса зиёдтар аст.