Дар наздикии марзи Тоҷикистону Афғонистон имрӯз, 1 декабр соати 11:46 дақиқаи вақти маҳаллӣ заминларзаи иқтидораш баробар ба 3-4 балл ба қайд гирифта шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Хадамоти геофизикии Тоҷикистон хабар доданд, маркази заминларза дар 295 километрии ҷануби шарқи Душанбе - дар қаламрави кишвари ҳамсояи Афғонистон воқеъ буда, иқтидори он 3-4 баллро ташкил додааст.

Бино ба маълумоти Хадамоти зилзиласанҷии Аврупо, маркази ин заминларза дар минтақаи Ҳиндукуш, 17 километр дуртар аз ноҳияи Ишкошими ВМКБ ҷойгир шуда, чуқурии маркази заминдарза ба 223 километр баробар будааст.

Дар бораи харобиҳоиву талафоти ҷонӣ бар асари ин заминҷунбӣ маълумот дода намешавад.