Субҳи имрӯз дар минтақаи шимоли Индонезия заминларзаи сахт рух дода бар асари он 24 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Заминларза соати 5-и субҳ ба вуқӯъ пайваста, дар ин вақти шабонарӯ ҳама дар манзилҳояшон қарор доштанд.


Иқтидори заминларза 6,5 балл арзёбӣ шуда, маркази он дар чуқурии баҳр воқеъ будааст. Ҳукуматдорон изҳор доштанд, ки то ҳол бисёре аз одамон зери харобаҳои манзилу биноҳо мондаанд.


Ҳамчунин даҳҳо ҳазор нафар дар кӯчаҳо гирдиҳам омада,  аз ҳарос ба биноҳои осебнадида баргаштанӣ нестанд.