Собиқ роҳбари диаспораи тоҷикон дар шаҳри Магнитогорски вилояти Челябински Русия Асадулло Маҳмудов кушта шуд. Ӯ бо захми тир аз дилаш ҳалок шудааст.

Куштори Асадулло Маҳмудов, тоҷири 49-солаи тоҷик, ки чанд сол қабл ҳамчунин ба диапораи тоҷикон дар шаҳри Магнитогорск роҳбарӣ мекардааст, субҳи имрӯз сурат гирифтааст.

Бино ба маълумоти ВАО-и Русия, замоне, ки Маҳмудов автомашинаи худро назди ҳавлии манзили зисташ мегузоштааст, қотил ба сӯи ӯ якчанд тир холӣ кардааст. Мақомоти тафтишот фармоишӣ будани ин кушторро аз эҳтимол дур намедонад, вале мақсадҳои он алҳол ифшо нашудааст.

Қобили зикр аст, ки тайи ду соли ахир ин чорумин куштори соҳибкори тоҷик дар Магнитогорск мебошад, вале ҳеҷ кадоме аз ин ҷиноятҳо то ҳол ошкор нашудааст.

Хешону наздикони Маҳмудов ба «Азия-Плюс» хабар доданд, ки тоҷири кушташуда зодаи ҷамоати Заргари ноҳияи Бохтар ва хатмкардаи Донишкадаи политехникӣ, ҷанговари интернатисоналист буда, соҳиби як писар аст. Ҷасади зодаи ноҳияи Бохтарро пас аз ташхис ба ватан мефиристанд.