Оё ниҳодҳои дахлдори ду кишвар дар сурати рух додани ҳолатҳои фавқулодаи эҳтимолӣ ба пешгирии хисороти ҷонию молӣ омодаанд?

Тӯли давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон садҳо офати табиӣ дар кишвар рух додааст. Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ, танҳо аз соли 1997 то 2015 дар Тоҷикистон 3326 ҳодисаи табиӣ ба қайд гирифта шудааст, ки зарари онҳо ҳудуди 3 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Дар ин муддат ба ҳисоби миёна 59 шаҳрванди Тоҷикистон ҳамасола қурбони офатҳои табиӣ шудаанд.

Баҳри пешгирии талафоти ҷонӣ ва хисороти молӣ намояндагони сохторҳои гуногуни Тоҷикистон чораандешӣ мекунанд. Раиси Кумитаи мазкур Рустам Назаров дар ин робита мегӯяд: «Мо як қатор лоиҳаҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, оид ба манъи сохтмони хонаҳои шаҳрвандон дар минтақаҳои хавфнокро таҳия мекунем. Ҳамзамон минтақаҳои хатарнокро муайян карда, харитаи онро омода месозем. Пешниҳод мекунем, ки дар чунин мавзеъҳо умуман сохтмон ва ҷудо кардани замин барои бунёди манзил манъ карда шавад».

Фурӯпошии бинои истиқоматӣ аз сел (скриншоти видео)

Марбут ба устувории сохтмонҳои баландошёна Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҶТ иброз дошт, ки тамоми биноҳои истиқоматии шаҳри Душанбе ба заминларзаи то 6 дараҷа тобоваранд. Вай афзуд: «Мо ба лоиҳакашон ва сохтмончиён тавсия додем, то зимни бунёди 5 ошёнаи аввал аз хишт истифода кунанд ва қабатҳои болоии биноҳои истиқоматиро аз блокҳои сабук бисозанд».

Аз офатҳои табиӣ на танҳо Тоҷикистон, балки дигар кишварҳои олам низ эмин нестанд. Вале бо таҳия ва роҳандозии барномаҳои муайян зарарҳои аз табиат мерасидаро коҳиш метавон дод, ки дар ин самт истифодаи таҷрибаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба манфиати кор аст.

Таҳдиди заминларзаи харобиовар дар Калифорния

Аёлати Калифорния яке аз минтақаҳои калонтарини ИМА мебошад. Имрӯз мутахассисони соҳаҳои мухталифи он зилзилаҳои қаблан рухдодаро омӯхта, аз рӯйи мавқеъ ва ҳолаташон муайян месозанд, ки заминларзаи навбатӣ эҳтимол кай рух медиҳад. Зимнан беш аз 300 коршинос харитаи зилзиларо таҳия кардаанд, ки дар он шаҳрҳои хатарнок бо аломатҳои махсус ишора шудаанд.

Харитаи мавзеъҳои зилзилахез

Ҷузъиёти масъаларо Пеги Ҳавег, корманди маркази сейсмологии Донишгоҳи Калифорния чунин шарҳ дод: «Хати Сан Андреас, ки миёни заминҳои Калифорния мегузарад, калонтарин хати зилзилахез ба шумор рафта, 1300 километр дарозӣ дорад. Мо кай ин хатро эҳсос кардем? 150 сол қабл мардум ба ин ҷо омада, таҳҷоӣ шуданд. Аз он давра то кунун 2 заминҷунбиро аз сар гузаронидем: якумаш соли 1857 бо шиддати 8 бал ва дуюмаш соли 1906 бо қувваи 7,8 дараҷа. Олимони соҳаи геология ва зилзиласанҷӣ аз сабаби сераҳолӣ будани Калифорния ин хатро хавфноктарин дар дунё баҳодиҳӣ кардаанд».

Хати Сан Андреас 20 миллион сол пеш дар натиҷаи бархӯрди қишрҳои Уқёнуси Ором бо хушкӣ пайдо шудааст. Тибқи мушоҳидаи зилзиласанҷон, дар Калифорнияи шимолӣ ҳамарӯза аз 150 то 200 заминҷунбӣ ба қайд гирифта мешавад, ки аксари он ҳиснашаванда аст. Зилзилаҳои 3-4 дараҷа дар ду ҳафта ё ҳар моҳ як маротиба эҳсос мешаванд.

Тарқиши Сан Андреас

«Заминларзаи солҳои гуногун дар қисматҳои шимолӣ ва ҷанубӣ гувоҳи онанд, ки ҳаракатҳои тектоникӣ фаъолтар шудаанд. Зимнан мавҷи фишор заминро ба мисли резин ёзиш дода, зилзилаи шиддаташ то 8 дараҷаро ба амал оварда метавонад. Зилзилашиносони Калифорния тахмин мезананд, ки давоми 20 соли оянда заминларзаи 6-бала рух медиҳад. Аммо заминҷунбии 7-бала, ки метавонад хисороти ҷонию молӣ дошта бошад, дар 30 соли оянда пешгӯйӣ шудааст», - афзуд Пеги Ҳавег.

Ба иттилои зилзиласанҷон, агар хати Сан Андреас ҳаракати худро давом диҳад ва тарқиши замин шиддат гирад, аз эҳтимол дур нест, ки як қисми Калифорнияи ғарбӣ ба ҷазираи алоҳида табдил ёбад.

Ҳолати омодабош

Хатари заминҷунбии харобиовар коршиносонро водор кардааст, ки дар самти омӯзиши ин офати табиӣ фаъолияти бештар ба роҳ монанд. Халид Мусаллам сарвари Маркази тадқиқоти муҳандисии зилзилаҳо дар минтақаи Уқёнуси Ором аст. Ин марказ барои муайян кардани хатҳои тавлидкунандаи зилзила пажуҳиш гузаронида, аз рӯйи натоиҷи он дар кадом минтақа чӣ гуна иншоот сохтанро тавсия меҳад. Ҳукумати ИМА барои бунёди шаҳру маҳаллаҳо хулосаи мутахассисони ин марказро истифода карда, стандартҳои нави сохтмониро қабул мекунад.

«Мо дар 3 самт – геология, сейсмология ва муҳандисӣ кор мекунем. Мо бояд дар масъалаи заминларза бо пешниҳодоти илман асоснок зарарҳои инфрасохторӣ ва талафоти ҷониро коҳиш бидиҳем», - иброз дошт Халид Муссалам.

Ин марказ бо Комиссияи бехатарии сейсмологӣ дар аёлати Калифорния фаъолияти муштарак ба роҳ монда, ҳамзамон бо донишгоҳҳои беш аз 100 кишвари олам табодули таҷриба мекунад.


Доир ба фаъолияти комиссияи мазкур ҷонишини мудири он Трейси Ҷонсон гуфт: «Соли 1975 баъд аз заминҷунбие, ки дар минтақаи ҷанубии Калифорния рух дод, ин комиссия таъсис ёфт. Мақсад аз фаъолияти он пешниҳоди машварат ба ҳукумат аст, ки ҳангоми офатҳои табиӣ чӣ бояд кард».

Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ...

Заминларзаи шадид, ки соли 2014 дар шаҳри Напаи Калифорния рух дода буд, хисороти зиёди молиро дар пай дошт. Зарари он метавонист бештар бошаду талафоти ҷонӣ ҳам афзояд. Аммо ҳамкории ҳукумат бо коршиносон ва мардум ин гуна талафотро то андозае коҳиш дод. Зеро дар асоси хулосаи мутахассисон қисме аз корхонаҳо ва соҳибкорон тибқи стандартҳои пешниҳодшуда биноҳои тиҷоративу манзилҳои зисти худро аз нав бо масолеҳи замонавӣ мустаҳкам карданд.

Натоиҷи онро Лори Ҷонсон, узви маркази зилзиласанҷӣ дар донишгоҳи Калифорния чунин тасвир кард: «Ҳодисаи Напа тайи 20 соли охир аввалин заминларзае буд, ки дар шаҳри калон ба вуқӯъ омад. Бояд гуфт, ки аҳолии Калифорния 25 дарсад зиёд шуда, иқтисодаш 3 маротиба афзудааст. Бароямон ҷолиб буд, ки сармоягузории мо то кадом андоза метавонад хисороти заминларзаро камтар кунад. Хонаҳои куҳнаи сангӣ қисман вайрон гардиданд. Аммо дар биноҳои аз рӯйи тавсияи мо сохташуда танҳо қубурҳои обу ташноб ва механизми сӯхторнишонӣ осеб диданд».

1/6

Аз пайомади ин офати табиӣ Майк Паренс, менеҷери шаҳри Напа низ ёдовар шуд: «Бар асари заминларза қариб 150 бино зарар дид, ки дар онҳо зистан ғайриимкон шуд. Наздик ба 300 нафар ҷароҳат бардошта, аз ин теъод 18 кас бистарии бемористон шуданд. Хисороти молӣ ҳудуди 20 миллион долларро ташкил дод. Соҳибкорону ангурпарварон зарари калон диданд, инфрасохтори биноҳои таърихӣ низ вайрон шуд. Мо ба хотири бехатарии сайёҳон наметавонистем иҷозати вуруди онҳоро ба маркази шаҳр бидиҳем».

Рик Молинари ба соҳибкорӣ машғул буда, қаҳвахонаи хусусӣ дорад. Ба гуфтаи ӯ, агар соҳибмулкон аз рӯйи маслиҳати коршиносон амал карда, барои мустаҳкамсозии биноҳои тиҷоративу манзилҳои зисти худ хароҷоти молӣ мекарданд, зарар то андозае камтар мешуд. Ин соҳибкор барои таҳкими қаҳвахонаи худ 500 ҳазор доллар масраф кардааст, аз ин рӯ, бинои тиҷоратии ӯ дар заминларзаи 6-бала устувории хуб нишон дод.

«Ман бо пешниҳоди комиссия корҳои мустаҳкамсозии қаҳвахонаро 3 сол қабл оғоз карда, 4 моҳ пеш аз заминларза ба анҷом расонидам. Хушҳол аз онам, ки ба маслиҳати мутахассисон гӯш додам, вагарна зилзила ба тиҷорати ман ҳам нуқта мегузошт», - афзуд соҳибкор.

Аммо сарвари фурӯшгоҳи машрубот Ҷорҷ Рейн ба мо гуфт, ки бинои тиҷоратияш тибқи тавсияи коршиносон мустаҳкам нашуда буд ва аснои зилзила қисман осеб дид. Ҳамзамон бо вайрон шудани девор маҳсулоти мағозааш низ талаф ёфт, ки ин ба соҳибкор хисороти зиёди молӣ расонид.

Ҳамкории низомиён бо мардум

Ҳамасола дар шаҳри Сан-Франсиско намоиши иқтидори ҳарбию ҳавоии нерӯҳои мусаллаҳи Калифорния баргузор мешавад. Зимнан низомиён ба сокинон тарзу усули расонидани кӯмаки аввалияи тиббиро низ меомӯзонанд.

1/4

Зарурати онро Девид Круз, қумандони баталёни якуми тиббии "Чарли" чунин шарҳ дод: «Ҳангоми сар задани офати табиӣ, чи заминларза асту чи сӯхтор ва ё обхезӣ, нахуст аҳолии осоишта зарар мебинанд. Дар ин ҳолат маҳз худи мардум метавонанд барои наҷотбахшии осебдидагон ва расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ мусоидат кунанд».

Пули "Дарвозаи тиллоӣ" дар Сан-Франсиско

Бонги хатар дар Вашингтон

Мардуми Амрико, хусусан, сокинони аёлати Вашингтонро бонги хатар чанд лаҳза пеш аз заминҷунбӣ воқиф хоҳад кард. Ин системаи огоҳсозӣ аз лаҳзаи бақайдгирии ҷунбиши қишри замин дар нуқтаи асосии он (эписентри зилзила) фаъол шуда, тӯли якчанд сония то омадани мавҷи харобиовар мардумро ҳушдор медиҳад. Онро мутахассисон ба хотири коҳиши талафоти заминларза тарроҳӣ кардаанд.

Шаҳри Сиэтл, ИМА

Ҷон Видали сарвари шабакаи сейсмологии Пасифик Нордвести донишгоҳи Вашингтон буда, чанд соли охир доир ба ҷунбишҳои қишри замин тадқиқот мегузаронад. «Азбаски дар ин минтақа бисёр заминларзаю вулқон рух медиҳад, мо онҳоро ба қайд гирифта, саъй меварзем, ки пештар аз ҳама иттилоъро ба мардум расонем. Дар бораи заминҷунбӣ танҳо лаҳзае бохабар карда метавонем, ки он ба вуқӯъ ояд. Агар нуқтаи асосии он дуртар бошад, масалан, дар масофаи тақрибан 1000 километр дар уқёнус, то ин ҷо омада расиданаш мо якчанд сония пештар аҳолиро огоҳ месозем», - иброз дошт мутахассис. Ба қавли ӯ, аз ин мавзеъ яке аз хатҳои хавфноктарин дар Амрикои шимолӣ мегузарад, ки он аз Канада то Калифорния тӯл кашида, имкони ба вуҷуд овардани зилзилаи то 9-баларо дорад. Номи ин хат аз занҷираи вулқонҳои Каскада пайдо шудааст, ки дар ин минтақа ҷойгиранд.

Ҳамсуҳбати дигари мо Тимофи Уолш, саргеологи бахши муҳити зисти Идораи геология ва сарватҳои заминии аёлати Вашингтон мебошад. Вазифаи ӯ харитасозӣ ва муайян кардани минтақаҳои хавфнок аст. Ин коршинос эҳтимоли рух додани заминларза ва сунамиро пешгӯйи кард: «Дар маркази Амрикои шимолӣ умқи қадимаи беҳаракат мавҷуд аст, ки он дер ё зуд боиси офатҳои табиӣ мешавад. Дар ин ҳолат магнитудаи ҷунбиши замин аз 8 то 9 балро ташкил хоҳад дод, ки ин хисороти зиёдеро ба бор меорад. Дар давоми ҳаракати қитъа ба самти шимолу ғарб қишри замин аз Калифорния то Канада дар давоми чанд дақиқа 2 метр фурӯ рафта, баъдан ба самти ғарб ҳаракат мекунад, ки он аз 10 то 30 метрро ташкил хоҳад дод. Қисмати зиёди он дар уқёнус рух медиҳад, ки дар натиҷа об фишори баланд пайдо карда, ба самти ҷазираҳои Ҷопон ва шимоли Амрико ҳаракат мекунад. Зимнан девори об бо дарозии 900 километр дар давоми 15 дақиқаи баъди зилзила ба соҳил мерасад. Аз зарбаи чунин сунами манотиқи зериобмонда бакуллӣ хароб мешаванд».

Хати зилзилахези Каскадия

Ба гуфтаи ин коршинос, талафоти ҷонӣ то кадом андоза кам ва ё зиёд мешавад, ба он вобаста аст, ки заминҷунбӣ дар кадом фасли сол ба амал меояд: «Агар ин ҳодиса дар шабонгоҳи зимистон рух диҳад, то 20 ҳазор нафар ба ҳалокат мерасад. Агар он дар ягон рӯзи тобистон ба амал ояд, хатари фавти 100 ҳазор нафар вуҷуд дорад. Зеро дар мавсими гармо ба ин минтақа сайёҳон низ барои истироҳат меоянд. Мо бо ҳукумат ҳамкорӣ дорем ва дар ин росто харитаи кӯчонидани аҳолиро пешниҳод кардаем. Мардум бояд донанд, ки ҳангоми ҳолатҳои фавқулода ба куҷо ва бо кадом роҳ бираванду кӯмаки аввалия бигиранд. Ин харита дар ҳамаи минтақаҳои наздисоҳилӣ тақсим карда мешавад».

Захираи обу ғизо барои 30 шабонарӯз

Бино ба иттилои Агентии федеролӣ оид ба идораи ҳолатҳои фавқулода, дар сурати ба вуқӯъ омадани заминларзаи шадид, ки сабаби он ҳаракати тектоникӣ дар тарқиши Каскадия хоҳад буд, тақрибан 13 ҳазор сокини ИМА ва Канада ба ҳалокат расида, 27 ҳазори дигар ҷароҳат мебардоранд. Олимон пешгуйӣ мекунанд, ки беш аз 1 миллион одам ниёзманди паноҳгоҳ шуда, ба 2,5 миллион нафар озуқаворию об лозим мешавад.


Имрӯзҳо аз рӯйи пешниҳоди олимони соҳа тамоми сохторҳо ва наҷотбахшон омодагии хоса мебинанд. Сокинони минтақа низ муваззаф шудаанд, ки захираи озуқаю оби ошомиданиро барои 30 шабонарӯз омода кунанд. Зеро ҳангоми сар задани офатҳои табиӣ дастрасӣ ба обу ғизо маҳдуд мешавад.

«Пеш аз рух додани ҳодисаҳои фавқулода бояд омодагии ҳамҷониба дида, мардумро фаҳмонем. Қадами якум иборат аз нақшагирист, дуюм – муайянсозии масъулон, сеюм – кадом таҷҳизотро бояд ба мошинҳо насб кард, чаҳорум – маълум кардани гурӯҳҳои осебпазир ва панҷум – мо бояд бидонем, ки ниҳодҳои дахлдор ва мардум ба ҳолатҳои фавқулода то чӣ андоза омодаанд», - иброз дошт Крис Утзингер, роҳбари Идораи ҳолатҳои фавқулода дар бахши ҳарбии аёлати Вашингтон.

Бо мақсади омодагии бештар ба офатҳои табиӣ тамриноти махсус низ гузаронида мешавад. Дар ин бора Тай Тринари, шерифи ноҳияи Сноҳомиш дар аёлати Вашингтон гуфт: «Каскадия Райзинг як тамрини бузург миёни 3 аёлати Амрико ҷиҳати пешгирии зарарҳои заминларза ва сунамӣ буд, ки ҳамкории ҳукуматҳои федеролӣ ва маҳаллиро дар ин самт беҳтар кард».

Хатари дигар – ярчхамӣ

Ҳукумати Амрико, хусусан, аёлати Вашингтонро имрӯз пайдо шудани ярч дар минтақаҳои баландкӯҳ ба ташвиш овардааст. Ба қавли масъулон, ҳоло бо омили тағйири иқлим боришот дар минтақа аз меъёри муқаррарӣ бештар шудааст. Ин боиси хамидани ярч дар мавзеи Осо гардид, ки ба асари он 43 кас фавтида, наздики 50 манзили истиқоматӣ пурра аз байн рафт. Хисороти молӣ 100 миллион долларро ташкил дод.

Пажуҳиши ин зуҳуроти табиӣ низ ҷараён дорад. Ҷозеф Вортман, профессори донишгоҳи Вашингтон оид ба идеология ҷараёни корҳои тадқиқотиро дар ин самт чунин тавзеҳ дод: «Бо истифода аз дастгоҳи Лайдер харитакашии лазерии минтақаи ярчфуроӣ анҷом пазируфт. Мо дар мавзеи Осо тадқиқот гузаронида, обу заминро омӯхтем ва тавассути чархбол низ аксбардорӣ карда, иттилои бештар гирифтем. Дар ин минтақа боз эҳтимоли хамидани ярч вуҷуд дорад, аммо вақту соаташ маълум нест. Чунки системаи назоратии мо танҳо дар ҳолати боришоти пуршиддат фаъолият мекунад. Агар ягон омили дигар боиси фуруди ярч шавад, дар он ҳолат системаи мо кор намекунад».

Пажуҳиши минтақаи хавфнок тавассути чархбол

Мушкили асосие, ки имрӯз мутахассисон дучори он шудаанд, худи аҳолист. Аз рӯйи қонун, ҳукумати Амрико ҳуқуқи кӯчонидани сокинонро аз як мавзеъ ба минтақаи дигар бе ризояти онҳо надорад. Имрӯз сарфи назар аз хатари эҳтимолӣ, мардум хоҳиши тарки манзилҳои аз гузаштагон меросмондаро надоранд. Биноан, ҳукуматдорони маҳаллӣ барои омода кардани сокинон давраҳои омӯзишӣ гузаронида, ба мардум мефаҳмонанд, ки на танҳо боришот, балки заминларза низ боиси хамидани ярч дар минтақаҳои кӯҳӣ шуда метавонад.


Ба ин тариқ, дар Амрико имкони рух додани офатҳои харобиовари табиӣ вуҷуд дорад, ки барои муайянсозии вақту соати аниқи он олимону донишмандон бо ҳама таҷҳизоти дақиқбинашон оҷиз мондаанд. Дар робита сохторҳои дахлдори ИМА баҳри амни мардум ва пешгирию бартарафсозии хисороти эҳтимолӣ пайваста чораандешӣ мекунанд.