Рӯзи аввали Соли нав дар Тоҷикистон ҳодисаи фоҷеабор рух дода, як автомашинаи боркаш ба дарё чаппа ва 1 нафар ҳалок шуд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, шоми рӯзи 1 ронандаи автомашинаи тамғаи “Дулан”, марди 43-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат бо шоҳроҳи “Хоруғ-Дарвоз-Душанбе”, дар мавзеи Очуқи деҳаи Зиғари ноҳияи Дарвоз аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро аз баландии тахминан 35-метр ба соҳили дарёи “Панҷ” чаппа ва сипас дар дохили автомашинаи мазкур сӯхтор ба амал омадааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷа ронандаи автомашинаи мазкур ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.