Як сокини 40-солаи ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, ки аз садамаи нақлиёт зинда монд, баъди ҳодиса аз зарбаи барқ ҳалок шуд.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин маълумот менависад, шоми рӯзи 8-уми январ ронандаи автомашинаи тамғаи “ГАЗ-3110 ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чанок” дар километри 261-ум, ҳудуди ҷамоати деҳоти Куркати ноҳияи Спитамен бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, аз роҳ баромада ба симчӯби канори роҳ бархӯрдааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷа, ҳангоми аз автомашина кандани рақами давлатӣ аз таъсири қувваи ноқили барқии кандашуда, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.